Вазорати хориҷа: Эълони аккредитатсияи журналистон
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон номнавис кардани журналистонро ба чорабиниҳои вижаи сиёсӣ шурӯъ кард.
Зимнан, раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати ин вазоратхона оғози аккредитатсияи кормандони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро барои чорабиниҳои зерини сатҳи олӣ, ки дар Душанбе аввали моҳи сентябри соли 2011 барпо мегарданд, эълон менамояд:
- ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ;
- ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ;
- вохӯрии чоргонаи президентони ҷумҳурии исломии Афғонистон, ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Русия ва ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сафари президенти Федератсияи Русия ба ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сафари президенти ҷумҳурии Эрон ба ҷумҳурии Тоҷикистон.{jathumbnail off}