PMC дари худро ба рӯи овозхонҳои тоҷик боз мекунад
PMC, шабакаи телевизионии мусиқии форсизабон мехоҳад, роҳи маҳсулоти баландсифати Тоҷикистонро ба бозори форсизабонҳо ҳамвор кунад. Ин нукта дар номаи масъулини ин шабака ба Беҳрӯз Зеваров, раҳбари ширкати “ТОП Медиа” зикр шудааст.
Беҳрӯз Зеваров ба “Озодагон” гуфт, ӯ қаблан бо ирсоли як мактуб унвонии раҳбарияти PMC хостори ҳамкории “ТОП Медиа” ва ин телевизиони мусиқии форсизабон шуда буд. Дар мактуби ҷавобӣ омадааст, таронаҳои овозхонони тоҷик дар телевизиони онҳо ҳамеша мавриди истиқболи гарми бинандаҳо қарор мегирад: “PMC омодаи ҳамкориҳои фарҳангӣ буда, бо мақсади бештар намудани табодули фарҳангӣ мехоҳем ба маҳсулоти баландсифати Тоҷикистон роҳро ба бозори форсзабонҳо пешниҳод намоем”.
Дар поён нома гуфта мешавад, ки ояндаи наздик сарвари иҷроияи PMC аз Тоҷикистон боздид карда, шарту шароити ҳамкориро бо “ТОП Медиа” баррасӣ хоҳад кард.
Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, дар сурати ба мувофиқа омадан ва бастани қарордоди ҳамкорӣ мехоҳанд, дар навбати аввал таронаҳои Ҷонибек Муродов, Баҳроми Ғафурӣ, Ховар Муродов ва Таҳмина Ниёзова тавассути PMC пахш шаванд.