Рақибони розии Раҳмон аз натиҷаҳои интихоботи 6 ноябр
Исмоил Талбаков, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, ба истиснои чанд камбуде, ки нозирони онҳо дар баъзе аз қитъаҳои раъйдиҳӣ сабт кардаанд, ба натиҷаи интихоботи 6 ноябр розист.
Оқои Талбаков бори дувум барои дарёфти курсии президентӣ вориди сабқат шуда, аммо бо шикаст аз бозӣ берун меояд. Дар интихоботи 6 ноябр, ба гуфтаи масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ), ин номзади коммунистҳо ҳамагӣ 5 дарсади раъйи сокинонро ба даст овардааст.
Ӯ рӯзи 7 ноябр дар сӯҳбат бо “Озодагон” аз чанд камбуде, ки гӯиё нозирони онҳо дар баъзе қитъаҳои овоздиҳӣ сабт кардаанд, ёдоварӣ намуда ва гуфт, “нозирон тариқи телефон аз ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Кӯлоб ва баъзан ҷойҳои дигар камбудҳоро ба мо гуфтанд. Лекин мо ба онҳо гуфтем, вобаста ба ин дар доираи қонун санад тартиб диҳанд.”
Олимҷон Бобоев, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, низ мегӯяд, дар интихоботи 6 ноябр баъзан камбудҳоро мушоҳида кардаанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, онҳо дар маҷмӯъ интихоботи президентиро шаффофу демократӣ медонанд. “Боз масъалаи то куҷо шаффоф гузаштани интихоботро нозирон баҳо хоҳанд дод”,-афзуд ӯ.
Абдуҳалим Ғаффоров, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби сотсиалист, ки дар интихобот 1,5 фоиз овоз гирифтааст, мегӯяд, ин интихобот дар муқоиса ба интихоботҳои гузашта шаффофтар гузашт. Мусоҳиби мо афзуд, ширкати шаҳрвандон дар интихобот хеле фаъолона буд ва нозирони онҳо ҳеч қонуншиканиеро сабт накаррдаанд. Ба гуфтаи Ғаффоров, “нозирони мо ба хулосае омаданд, ки интихобот дар доираи қонун сурат гирифтааст. Мисли солҳои пеш, ки як кас ба ҷои чанд кас овоз медод, чунин кор сурат нагирифтааст.”
Саидҷафар Исмонов, номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон ба мақоми президентӣ, низ мегӯяд, барояшон аз ҳама муҳим ин аст, ки интихобот дар як фазои ором гузаштааст. Номбурда афзуд, аз ин бохташон дар интихобот он қадар нигарон нестанд ва дар интихоботи оянда бо тактикаи дигар ба майдон мебароянд. “Нозирони мо қаблан гуфта буданд, ки ҳадди ақал 50% овоз мегирем, лекин мо 1 фоиз гирифтем, ки ин масъаларо як бори дигар меомӯзем. Дар ин интихобот Ҳизби демократ хеле муаррифӣ шуд, зеро ҳамон нафароне, ки номи Эмомалӣ Раҳмонро монданду дигарҳоро хат заданд, дар он ҷо ҳадди ақал диданд, ки Саидҷафар Исмонов, раиси Ҳизби демократ, номзад ба мақоми президентӣ низ вуҷуд дорад”,-афзуд ӯ.