Назарбоев ғолибияти Раҳмонро нишони эътимоди мардум гуфт
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, бо ирсоли як паёми табрикӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо ғолибияти дигарборааш дар интихоботи президентӣ шодбош гуфта, таъкид намудааст, ки ин нишони эътимоди зиёди мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон аст.
Тибқи иттилои сомонаи расмии президенти Қазоқистон, Назарбоев дар паём ба Эмомалӣ Раҳмон ғолибияташро шаҳодати он гуфт, ки мардуми Тоҷикистон аз сиёсати Раҳмон пуштибонӣ доранд. Назарбоев изҳори боварӣ намудааст, ки фаъолияти минбаъдаи Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Қазоқистон хостори густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуда, дар интиҳо ба Эмомалӣ Раҳмон саломатию муваффақият ва ба халқи тоҷик ваҳдату рушдро таманно кардааст.