Эмомалӣ Раҳмон “осон” боз президент шуд (ВИДЕО)
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи ҳафтуми ноябр дар як нишасти хабарӣ эълон кард, ки Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Иттиҳоди ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касаба, дар интихоботи 6 ноябр бо дарёфти 3 миллиону 23 ҳазору 754 раъй ё 83,6 дарсади овозҳо пирӯз шудааст.
Ба ин тартиб, оқои Раҳмон барои бори чаҳорум ба курсии раёсати ҷумҳурӣ такя зад. Вай дар интихоботҳои соли 1994, 1999 ва 2006 низ бар рақибонаш дастболо шуда буд.
ВИДЕОИ ЭЪЛОНИ ПИРӮЗИИ РАҲМОН
Дар пайи Раҳмон, Исмоил Талбаков -- номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон қарор дорад, ки тибқи иттилои пешакии КМИР 5 дарсади овозҳо (бештар аз 181 ҳазор раъй)-ро соҳиб шудааст. Толиббек Бухориев -- номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон 4,5 фоиз (166 ҳазору 224), Олим Бобоев -- номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 3,8 дарсад (140 ҳазору 133), Абдуҳалим Ғаффоров -- номзад аз Ҳизби сотсиалистӣ 1,5 фоиз ( 54 ҳазору 148) ва аз ҳама кам Саидҷаъфар Исмонов -- номзад аз Ҳизби демократ 1 дарсади овозҳо (36 ҳазору 572)-ро соҳиб шудааст.
Ба иттилои Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз 4,2 миллион раъйдиҳанд дар интихоботи президентии 6 ноябр 86,6 дарсади онҳо (3 миллиону 640 ҳазору 56 нафар) ширкат кардаанд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси ин кумисюн, ба хабарнигорон гуфт, ин интихобот шаффофу одилона баргузор шуда, номаву шикояте ҳам ба онҳо нарасидааст.