Мушоҳида: "Панҷ нафари аввалро хат зану охирашро мон"
Хабарнигори “Озодагон”, ки раванди интихоботро дар нуқтаҳои овоздиҳии вилояти Хатлон мушоҳида мекунад, чанд камбудиро сабт намудааст.
Ба иттилои хабарнигори “Озодагон” дар нуқтаи овоздиҳӣ дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, муовини раиси комиссияи интихоботӣ дар муроҷиат ба интихобкунанда ба варақаи овоздиҳӣ ишора карда гуфт, “яктара ҳозир гир, баъди чанд дақиқа биё дигарашро имзо кун.” Ин масъули комиссияи интихоботӣ дар муроҷиат ба интихобкунанда гуфтааст, “панҷ нафари аввалро хат зан охирашро мон.”
Маврид ба зикр аст, ки дар варақаҳои интихоботӣ аз ҳама охир номи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ ва номзад аз Ҳизби халқӣ-демократӣ сабт шудааст.
Инчунин хабарнигори “Озодагон” дар қитъаи овоздиҳии рақами 1-и шаҳраки Дӯстӣ, мушоҳида кардааст, ки як нафар чанд варақаро пур карда, ба қӯтӣ партофтааст. Дар ин қитъа дар назди ғурфаи овоздиҳӣ як нафар истода, дар хитоб ба раъйдиҳандагон мегуфтааст, “Эмомалиро монед, дигарҳояшро хат занед.”
Ин дар ҳолест, ки нозирон аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил мегӯянд, то ҳол дар раванди интихобот тақаллубкориеро сабт накардаанд. Сергей Алексеев, нозир аз Асанблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки раванди интихоботи раёсати ҷумҳурро дар Душанбе назорат дорад, зимни ҷамъбасти натиҷаҳои назораташон дар соатҳои аввали интихобот таъкид намуд, ки ягон қонунвайронкунию тақаллубкориро сабт накардаанд: “Танҳо камбудӣ дар он аст, ки мардум тартиби раъйдиҳиро намедонанд. Зарур аст, ки як дастурамал нашр шавад.”
Айни ҳол интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон идома дошта, ба иттилои Комисюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар то соати 10:00 беш аз 40 дарсади интихобкунандагон овоз додаанд.