Шоҳиён гуфт, то соати 10 ҳудуди 41 фоизи раъйдиҳандагон овоз доданд
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) эълон кард, ки то соати даҳ дар 68 ҳавзаи интихоботӣ 1 миллиону 690 ҳазору 561 нафар овоз додаанд. Ин рақам, ба қавли Шоҳиён, ҳудуди 41 дарсад аз 4 миллиону 34 ҳазор афроди қобили райъ дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Оқои Шоҳиён дар идома гуфт, ҳузури раъйдиҳандагон дар қитъаҳои раъйдиҳӣ чашмрас буда, “он муташаккил идома дорад”. Вай афзуд, дар тӯли чор соати ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи президенти Тоҷикистон ягон арзу шикояте дар бораи қонуншиканиҳо ба Кумисюни марказии интихобот ворид нашудааст.
Шермуҳаммади Шоҳиён дар муроҷиате ба сокинон ва масъулони ҳавзаҳои интихоботӣ гуфт, агар номи касе ба рӯйхати интихобкунандагон сабт нашудааст ва ё хабарнома то дасти овоздиҳанда нарасидааст, ӯ метавонад ба қитъаҳои раъйдиҳӣ омада худро сабтином кунад ва раъй диҳад. Кумисюни марказии интихобот тайи ҳар чаҳор соат аз натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ иттилоъ хоҳад дод.