Эмомалӣ Раҳмон овоз дод, аммо нагуфт ба кӣ?
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, соати 10:00-и 6 ноябр дар ҳавзаи интихоботии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бе ҳузури хабарнигорони мустақил овоз дод. Ҷараёни овоздиҳии оқои Раҳмон мустақиман тариқи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон пахш шуда, ҳудуди ду дақиқа давом кард.
Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, "иштирок ва овоздиҳии раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ ҷараён гирифт".
Аммо бар хилофи интихоботи пешин хабарнигорони мустақил ба маъракаи овоздиҳии Раҳмон даъват нашуданд. Хабарнигори “Озодагон”, ки дар наздикии нуқтаи овоздиҳӣ қарор дошт, изҳор медорад, ҳангоми овоздиҳии Раҳмон вуруди шаҳрвандони қаторӣ ба нуқтаи овоздиҳӣ манъ гардид. Оқои Раҳмон бори чорум аст, ки барои дарёфти курсии президентӣ талош мекунад. Вай дар се интихоботи гузаштаи президентӣ дар солҳои 1994, 1999 ва 2006 бар рақибонаш дастболо шуда, беш аз 20 сол боз зимоми қудратро дар даст дорад.