Тӯраҷонзода: “Агар ба интихобот равам, ба кӣ овоз диҳам?”
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, сиёсатмадор ва рӯҳонии саршиноси тоҷик мегӯяд, то ҳол барои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ нарафтааст ва дар сурати рафтан ҳам намедонад, ба кӣ овоз бидиҳад. “Агар равам ҳам ба кӣ овоз диҳам?”,-бо суол ба суоли мо посух дод оқои Тӯраҷонзода.
Бояд гуфт, оқои Тӯраҷонзода шахси аввал нест, ки мегӯяд дар интихоботи президентии 6 ноябр иштирок намекунад. Аз ин пеш, Ойниҳол Бобоназарова, номзади ислоҳотхоҳони тоҷик, ки аз идомаи сабқат дар интихобот маҳрум карда шуд, гуфта буд, ба овоздиҳӣ намеравад.
Инчунин Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло бо як сафари ғайрирасмӣ дар Туркия қарор дорад, гуфт, дар раъйдиҳии интихоботи президентии кишвар иштирок нахоҳад кард, чун зарурати баргаштан ба Ватанро то интихобот намебинад.
Ёдовар мешавем, имрӯз 6 ноябр мардуми тоҷик барои 7 соли оянда барои худ раҳбар интихоб мекунанд, ки дар интихоботи имрӯз 6 номзад барои дарёфти курсии президентӣ талош доранд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, Исмоил Талбаков, номзади коммунистҳо, Олимҷон Бобоев, номзади ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, номзади состиалистҳо, Саидҷаъфар Исмонов, номзади ҳизби демократ ва Толиббек Бухориев, номзади аграриҳо.