Исмоил Талбаков: “Пирӯзии номзадҳо аз иродаи мардум вобаста аст”
Исмоил Талбаков, номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки соати 7:30 барои раъйдиҳӣ ба ҳавзаи интихоботии рақами 5-и Душанбе омада буд, гуфт, билохира раъйи мардум ҳал мекунад, ки кадоме аз номзадҳо пирӯз хоҳанд шуд. Бо ин ҳол, ӯ гуфт, барои дастболо шудан дар ин интихоботи президентӣ бовар дорад.
Оқои Талбаков дар лаҳзаи ба назди сандуқи раъйдиҳӣ рафтан гуфт, ӯ барои суботи ҷомеа, рушди Тоҷикистон ва дӯстии халқҳо овоз медиҳад. Аммо вақте хабарнигорон пурсиданд, ки шахсан оқои Талбаков ба кӣ раъй додааст, гуфт, “ман ба худам овоз додам”.