Тақвияти чораҳои амниятӣ дар интихоботи президентӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои таъмини амният дар интихоботи раисиҷумҳури кишвар кормандони ин ниҳод ба низоми пурзӯри хидмат гузаштаанд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД дар суҳбат ба “Озодагон” таъйид намуд, ки ба муносибати интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар кишвар низоми казармавӣ ҷорӣ гардидааст. Дар доираи ин низом нерӯҳои иловагӣ барои навбатдории шабонарӯзӣ равона шудаанд. Асадуллоев афзуд, ки низоми пурзӯри хидмат дар кишвар ду рӯз идома хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол хабарнигори "Озодагон" аз қитъаи овоздиҳии 53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки бояд Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, дар он овоз диҳад, иттилоъ дод, ки чораҳои амниятӣ дар он ҷо махсусан пурзӯр буда, ҳар овоздиҳанда мавриди тафтиши ҷиддӣ қарор мегирад.
Ин дар ҳолест, ки аз аввали соли равон Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон борҳо ба интихоботи раисиҷумҳур ишора карда, кормандони зертобеашро ба зиракӣ дар ин маъракаи сиёсӣ даъват намуд.