Тоҷикистон аз Рӯзи Сарқонун ҷашн мегирад
Имрӯз, 6-уми ноябр дар баробари интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, аз Рӯзи Сарқонун ҳам ҷашн мегиранд.
Конститутсияи Тоҷикистон соли 1994 қабул шуда, ду маротиба ба он тағиру иловаҳо ворид шудааст. Гуфта мешавад, ба хотири таҷлил аз 19-умин солгарди Сарқонун дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор хоҳанд шуд.
Дар ду интихоботи қаблӣ, солҳои 1999 ва 2006 низ интихоботи президентӣ дар рӯзи ҷашни қонуни асосӣ баргузор гардида буд.
Ёдовар мешавем, дар интихоботи имрӯз 6 номзад барои дарёфти курсии президентӣ талош мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, Исмоил Талбаков, номзади коммунистҳо, Олимҷон Бобоев, номзади ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, номзади состиалистҳо, Саидҷаъфар Исмонов, номзади ҳизби демократ ва Толиббек Бухориев, номзади аграриҳо.