Оҷонсӣ: 90%-и занони нашъаҷалоб бемаълумот ва бекоранд
Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, дар 9 моҳи соли равон барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир 24 зан дастгир шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 нафар зиёд мебошад.
Ниҳоди мазкур мегӯяд, беш аз 90 дарсади занони дастгиршуда, бекор ва бемаълумотанд: “21 нафарашон аз 30-сола боло ва 3 нафарашон аз 18 то 30 сол доранд.”
Оҷонсӣ бо такя ба Вазорати тандурустӣ теъдоди нашъамандони расман сабтшударо 7468 нафар мегӯяд, ки аз ин 216 нафарашон занон мебошанд.
Дар маҷмуъ ба иттилои манбаъ дар нуҳ моҳи соли равон теъдоди ҷиноятҳои марбут ба мухадирот ба 757 ҳолат расидааст.