6 ноябр ва 6 номзад. Овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ оғоз ёфт
Соати 6-и субҳи имрӯз, 6 ноябр, овоздиҳӣ ба тарафдорӣ аз 6 номзад ба мақоми президентӣ дар тамоми ҳавзаҳои интихоботии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯяд, овоздиҳӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ идома хоҳад кард. Ба қавли мақомоти ин Кумисюн, имсол аз 8 миллион сокини Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ 4 миллиону 34 ҳазор нафарашон ҳаққи раъй доранд, ки беш аз 157 ҳазори онҳо барои нахустин бор пойи сандуқҳои овоздиҳӣ хоҳанд рафт.
Ин ниҳод таъкид менамояд, ки теъдоди варақаҳои раъйгириро бар асоси шумораи раъйдиҳандагон дар дохилу хориҷ аз Тоҷикистон чоп кардааст: "Чаҳор миллиону 34 ҳазор варақаҳои овоздиҳӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ, узбакӣ ва қирғизӣ ба табъ расидааст."
Ба иттилои Кумисюни маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҳуҳуди шаҳру навоҳии кишвар 3 ҳазору 158 ҳавзаи овоздиҳӣ таъсис дода шудааст. Илова бар ин барои шаҳрвандони дар хориҷ аз Тоҷикистон дар 27 кишвари дунё 61 ҳавза, аз ҷумла дар Русия 24 макони раъйдиҳӣ ташкил карда шудааст.
Дар ин интихобот 6 номзад барои дарёфти курсии президентӣ талош мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ яке аз онҳост. Оқои Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми қудрат дар Тоҷикистонро ба даст дорад, дар се интихоботи гузаштаи президентӣ ишитрок ва бар рақибонаш пирӯз омадааст.
Исмоил Талбаков, номзади коммунистҳо, Олимҷон Бобоев, номзади ислоҳоти иқтисодӣ ва Абдуҳалим Ғаффоров, номзади состиалистҳо барои бори дувум ба ҳайси довталаби курсии президентӣ дар интихобот ширкат меҷӯянд. Дар интихоботи соли 2006 низ ин се нафар ба унвони рақибони Эмомалӣ Раҳмон вориди корзори интихобот шуда, натавониста буданд раъйи кофии мардумро ба даст оранд. Аммо Саидҷаъфар Исмонов, номзади ҳизби демократ ва Толиббек Бухориев, номзади аграриҳо бори аввал аст, ки вориди ин сабқат шуда, маълум нест, бо чи ҳисобе аз он берун хоҳанд омад.
Дар ҳамин ҳол ба қавли Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар тӯли тамоми давраҳои муборизоти интихоботии кишвар ба ин ниҳод аз сӯи аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои давлатию шаҳрвандон шикояте нашудааст.
Нахустин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ соли 1990 баргузор гардида, мардуми тоҷик Қаҳҳор Махкамовро ба ҳайси раҳбари худ интихоб карданд, ки дар пайи фишори тазоҳургарон бо гузашти камтар аз як сол ба истеъфо рафт.
Соли 1991 Тоҷикистон, ки истиқлолият ба даст овард, аз миёни 10 номзад ба мақоми президентии тоҷик Раҳмон Набиев раисиҷумҳури кишвар интихоб гардид. Вале ин бор низ раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳти фишори гуруҳҳои мусаллаҳ дар муддати камтар аз як сол ба истеъфо фиристода шуд. Моҳи ноябри соли 1992 Тоҷикистон дар давраи нооромиҳои дохилӣ, ки то моҳи июни 1997 давом кард, аз низоми президентӣ даст кашида, Шӯрои олиро ба унвони раҳбари давлат интихоб намуд. Дар он замон дар пайи 16-умин иҷлосияи Шӯрои олӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд, ки дар соли 2007 ба ҳайси раисиҷумҳур табдил ёфта, номи худро низ аз “Раҳмонов” ба “Раҳмон” иваз кард. Ӯ 6 ноябри соли 1994 раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб гардида, дар ҳамон рӯз Сарқонун ё худ Конситутсияи кишварро ба тасвиб расонид. Баъд аз ин Эмомалӣ Раҳмон ду бор, соли 1999 ва 2006 дигар бора ба мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб гардидааст.