Раҳмон аз рӯи зиракӣ баъди Каримов, Назарбоев ва Отамбоев меистад
Тибқи як назарпурсӣ Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, зирактарин президент дар минтақаи Осиёи Марказӣ эътироф шудааст.
Дар ин назарпурсӣ, ки аз ҷониби сомонаи “CA-NEWS” гузаронда шудааст, беш аз 6,5 ҳазор нафар иштирок карда, беш аз 3,3 ҳазорашон Ислом Каримовро зирактарин президент дар минтақа хондаанд.
Ба тарафдории Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ҳудуди 1 ҳазору 800 нафар овоз додаанд. Дар зинаи сеюм аз рӯи зиракӣ раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев меистад. Ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ 10 дарсади иштирокдорон овоз додаанд. Дар пайи Раҳмон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раҳбари Туркманистон меистад, ки 488 овоз гирифтааст.
Раисиҷумҳури нисбатан соддаи минтақа Ҳомид Карзай, раҳбари Афғонистон, эътироф шудааст, ки аз ҳама камтар овоз гирифтааст.