Тафтиши дӯкони китобфурӯшии раиси ҲНИТ дар ноҳияи Ашт
Нуқтаи фурӯши китоби марбут ба Шавкат Шарифов, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳия Ашт, аз сӯи мақомоти интизомӣ ва санитарию эпидемеологӣ мавриди тафтишу бозҷӯӣ қарор гирифтааст.
Шарифов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, чанде қабл кормандони шуъбаи умури дохилӣ, додситонӣ ва маорифи ноҳия ба дӯкони ӯ ворид шуда, китобҳои дарсии ба фурӯшгузоштаашро мавриди тафтиш қарор додаанд ва номгӯи чанд адади онҳоро ба қайд гирифта рафтаанд.
Ба гуфтаи раиси дафтари ҲНИТ дар ноҳияи Ашт, ин иқдом гӯиё ба хотири таъмини ҳифзи ҳуқуқи муаллифон ва ғайриқонунӣ ба табъ расонидани китобҳо мебошад: “Ҳангоми муроҷиати ман ба додситонии ноҳия, онҳо гуфтанд, китобҳои Шумо ба адабиёти шубҳанок монанд мебошад, ки бархе аз ашхос сарфи назар аз маҳфуз будани ҳуқуқи муаллиф чоп карда, ба савдо мебароранд ва мо бояд ин масъаларо тафтиш кунем”.
Шарифов мегӯяд, инчунин ба мағозаи ӯ кормандони Хадамоти санитарию эпидемеологӣ низ ташриф оварда, дар пайи тафтишоти хеш бо худ аз 8 намуди китобҳои дарсӣ 15 адад бурдаанд. Раиси дафтари ҲНИТ гуфт, масъулони хадамоти мазкур ҳадаф аз бурдани ин китобҳоро чунин арзёбӣ кардаанд: “Масъалаи санитарии ин китобҳо бояд санҷида шаванд, ки оё ҳуруф ва коғази онҳо ба саломатии донишомӯзон зарар надорад?”
Вале ба қавли Шарифов, Маркази Хадамоти санитарӣ-эпидемологии ноҳияи Ашт азбаски барои санҷидани ин китобҳо таҷҳизоти лозимаро надоштааст, гуфта, ки ин китобҳоро ба маркази вилояти Суғд мефиристанд, то дар онҷо аз ташхис гузаранд.