Як бону аз шаҳри Ваҳдат бо ҷурми одамфурӯшӣ ба даст афтод.
Тибқи иттилои ВКД аснои баргузории як амалиёти вижаи мақомот дар ин минтақа, шаҳрванд Азимова Насибаи 24- сола боздошт шуд.
Ӯ истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Чуянгарон буда, айни замон дар ягон ҷо кор намекардааст.
Манбаъи хабар афзуд, номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо харидори шартӣ, духтарчаи худро, ки 25-уми июли соли равон таваллуд кардааст, ба маблағи 100 доллари ИМА фурӯхтанӣ мешавад ва пешакӣ 100 сомониро ҳамчун пешпардохт гирифтааст.Айни ҳол тафтиши парвандаи ҷиноӣ идома дорад. {jathumbnail off}