“Хайр” ба дарвозаи “Истиклол” ду голи беҷавоб зад
Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ “Истиқлол”-и Душанберо шикаст дод. Ин дидор дар доираи даври 19-уми мусобиқаи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуда ва мизбонҳо ба дарвозаи футболбозони “Истиқлол” ду голи беҷавоб заданд.
Меҳроҷиддин Музаффаров, бозигари тими миллии Тоҷикистон муаллифи ҳар ду голи “Хайр” (дақиқаҳои 26 ва 75) буд.
Ҳамчунин, дар доираи даври 19-ум се бозии дигар баргузор шуд: “Парвоз” – “Равшан” - 0:0, “Регар-ТадАЗ” – “Вахш” - 2:1, ССКА “Помир” - «Истаравшан» - 2:1.