Марши русӣ наздики 30 ҳазор нафарро ба роҳпаймоӣ мекашад?
Марши русӣ ё “Русский марш” бо ширкати ҳудуди 30 ҳазор нафар ҷараён мегирад. Дар ин бора Дмитрий Демушкин яке аз созмондиҳандагони он ба радиои “Эхо Масквы” хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд омодагӣ ба ин чорабинӣ душвор буд, аммо бо вуҷуд онҳо онро баргузор хоҳанд кард.
“Русский марш” ба хотири Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки имрӯз, 4-уми ноябр дар Русия ҷашн гирифта мешавад, гузаронда мешавад. Ба иттилои расида, шаҳрдори Маскав барои баргузории ин роҳпаймоии қавмгароҳои рус дар хиёбони Перерва иҷозат додааст. Гуфта мешавад, миллатгароҳо тақрибан дар 100 шаҳри Русия барои баргузории “Русский марш” омодагӣ гирифтаанд. Қаблан, хабар дода шуд, ки роҳпаймоиҳои мазкур имсол таҳти шиори “Алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ” сурат мегирад.
Солҳои ахир дар Русия созмону ҳаракатҳои қавмгаро зиёд мешавад. Дар бештари маврид онҳо “Русия барои русҳо” шиор медиҳанд. Гуруҳҳои нажодпарасти рус баъзан дар рӯзи равшан дар кӯчаҳо ба афроде бо чеҳраи ғайриславянӣ дармеафтанд ва онҳоро зери мушту лагад мегиранд. Чандин шаҳрванди Тоҷикистон ҳам аз дасти тоссарҳои рус ба таври бераҳмона кушта шудаанд.