“WikiLeaks” дар Тоҷикистон расонаи боҷуръат наёфтааст
Ҷонибдорони “WikiLeaks”, ки бо пахши номаҳои махфии хадамоти дипломатии Амрико маъруф шудааст, барои пайдо намудани расонаҳои мустақилу боҷуръат аз Тоҷикистон низ дидан намудаанд.
Дар филми ҳуҷҷатии “Медиаистон”, ки чанд ҳафта қабл нашр гардид, талоши як гуруҳи журналистон барои дарёфти расонаи мустақилу боҷуръат дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон намоиш дода мешавад. Ин филми 94 дақиқаина, зери назари Ҷулиан Асанж ба навор гирифта шуда, нимаи дувуми моҳи октябри соли равон ба намоиш гузошта шуд ва аллакай дар интернет давоми як муддати кӯтоҳ ба сербинандатаринҳо табдил ёфтааст.
Ҷуллиан Ассанж муваффақияти ин филмро дар он мегӯяд, ки дар Осиёи Миёна-минтақаи хеле ҷолиби геополитикӣ ба навор гирифта шудааст ва инчунин сатҳи воқеии озодию сензураро дар дар ин кишварҳо нишон медиҳад.
Ҷонибдорони “WikiLeaks”, баъди оне, ки расонаҳои ғарбӣ аз нашри маводи махфӣ худдорӣ кардаанд, ба Осиёи Миёна омадаанд ва дар Тоҷикистон бо масъулини хабаргузории “Азия Плюс” ва чанд расонаи дигар суҳбат доштаанд. Дар ин филм Ҷулиан Асанж тариқи Скайп яке аз шартҳои нашри маводи ифшокунандаро дар он гуфтааст, ки онҳо бояд бетағйир нашр шаванд, на интихобан ва қисм-қисм.
Дар охир таҳиягарони филми “Медиаистон” мегӯянд, дар минтақа ягон расонаи мустақилу боҷуръатро пайдо накардаанд ва таъкид мекунанд, ки пушти ҳамаи расонаҳо дар минтақа қувваҳое ҳастанд, ки дар фаъолияташон сарҳад мегузоранду озодии сухану андешаро маҳдуд мекунанд.