Қазоқистон аз Дубай далели боздошти шаҳрвандонашро хост
Вазорати умури хориҷии Қазоқистон бо ирсоли як нома ба унвони мақомоти қудратии Дубай, шарҳи боздошти 12 шаҳрванди худро талаб кардааст.
Дар ин бора Нурҷон Айтматхонов, котиби матбуотии ВУХ-и Қазоқистон хабар дода, гуфт, ин иқдом дар пайи муроҷитаи пайвандони боздоштшудагон гирифта шуд.
Шоми 30 ба 31 октябри соли ҷорӣ кормандони пулиси Дубай 14 нафарро боздошт кардаанд, ки 12 тои онҳо шаҳрванди Қазоқистон ва дуи дигар шаҳрвандони кишварҳои хориҷ мебошанд.
Ин шаҳрвандони Қазоқистон дар ширкате кор менамудаанд, ки бо хариду фурӯхт ва интиқоли мошин ба хориҷ аз Дубай машғул мебошад. Дар мавриди ному насаби боздоштшудагон ҳанӯз иттилое оварда нашудааст. Танҳо як табаи Қазоқистон аз Дубай дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш гуфта, ки ду тои онҳоро мешисонад, яке Асалбек Шукранов ва дигарӣ Нурим Куанишном доранд.