ВКД мегӯяд, Умедҷон Тоҷиев мехост, аз боздошт фирор кунад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба қазияи Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки худро аз ошёнаи сеюми бинои Идораи пулиси Исфара ба зер афкандааст, вокуниш нишон дод. Ин ниҳод бо нашри хабаре дар торнамои расмияш гуфт, ҳоло аз тарафи Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, дар Идораи пулиси Исфара санҷиши хидматӣ таъин шудааст.
Умедҷон Тоҷиеви 34-сола, сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, рӯзи 30 октябри соли ҷорӣ аз сӯи мақомот боздошт ва ба Шӯъбаи умури дохилӣ оварда мешавад. Вазорат мегӯяд, оқои Тоҷиев барои итоат накардан ба амри пулис дастгир ва бо қарори додгоҳ барои даҳ рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.
Манбаъ меафзояд, “рӯзи 2 ноябр нисбат ба Умедҷон Тоҷиев дар асоси нишондоди пеш дастгир ва ҳабсшудагон Иброҳимов З., ва Шодиев Ғ., инчунин иқрори худи ӯ, аз тарафи Додситонии шаҳри Исфара парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 187, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, яъне ташкили иттиҳоди ҷиноӣ оғоз карда шуд. Баъд аз анҷоми пурсиш Тоҷиев бо мақсади фирор намудан аз ошёнаи сеюми бинои Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён меҷаҳад, ки дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардошта, барои ёрии таъҷилии тиббӣ расонидан, аз тарафи кормандони милиса ба беморхона оварда карда мешавад.”
Дар ҳамин ҳол, Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев, мегӯяд, ҳоло нафари таҳти ҳимояташ дар шӯъбаи эҳёгарист. Ба қавли ӯ, “то ҳол аз ҷониби масъулон бобати ҳодисаи рухдода пурсида нашудааст. Аз қавли духтурон, ӯ ба худ омадааст, вале боз доруи мадҳушкунанда додаанд, то асабаш ором гирад. Баъд аз пурсиш ваъда карданд, ки ба модараш нишон медиҳанд. Муҳим он аст, ки Умедҷон зинда аст ва дар оянда худаш ҳодисаи рухдодаро нақл хоҳад кард.”
Хонум Воҳидова афзуд, нафари таҳти ҳимояти ӯро аз боздошт раҳо нахоҳанд кард, чун нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст. “Хеле шубҳаовар аст, ки рӯзҳои охир ҳамаи аъзои ҲНИТ "авбош" мешаванд ва ин алакай қарори севуми додгоҳи Исфара нисбат ба узви ҲНИТ аст”. 8 октябр, дар рӯзи Иди Қурбон, додгоҳи шаҳри Исфара Воҳидхон Қосиддинов, раиси дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломиро ҳам ба ҷурми “майдаавбошӣ” ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кард, вале бо дахолати додситонии вилояти Суғд ин қарор бекор шуд.