Бобоев ба кӣ нафорид ва Ғаффоров ба куҷо "ғайб зад"?
Дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, “маърака”-е ба ҷонибдорӣ ва алайҳи номзадҳо ба мақоми президентии Тоҷикистон дар интихоботи ҳафтаи ҷорӣ оғоз гардидааст. Ин “маърака” иборат аз хаткашӣ ба рӯи номзадҳо ва ба замин партофтани аксу барномаи онҳо мебошад.
Аз рӯи мушоҳидаҳои хабарнигори “Озодагон”, бештар ба рӯи аксҳои Олим Бобоев, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, хат кашида ва аксу барномаҳои Абдуҳалим Ғаффоров, номзади сотсиалистҳоро даронидаанд. Чунин “маърака” дар интихоботи гузаштаи парлумонӣ (2010) ҳам хеле зиёд мешоҳида шуда буд.
Чанде аз ин аксҳоро дар ихтиёри хонандагон мегузорем ва агар Шумо аксҳои бештаре доред, лутфан ба мо фиристед: ozodagonweb@gmail.com