Умедҷонро чӣ маҷбур сохт, аз ошёнаи 3-и Идораи пулис худро ба замин афканад?
Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ ва муттаҳам ба майдаавбошӣ, субҳи 2 ноябр худро аз ошёнаи севуми бинои Шӯъбаи умури дохилии Исфара ба поён партофтааст.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Тоҷиев, ба “Озодагон” гуфт, дар натиҷа нафари таҳти ҳимояташ сахт маҷруҳ шуда, ҳоло дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони Исфара бистарӣ мебошад. Ба қавли Воҳидова, мақомоти интизомӣ Умедҷон Тоҷиевро рӯзи 30 октябр дар бозори Ворух ҳамроҳ бо се нафари дигар боздошт кардаанд.
Ин вакили мудофеъ афзуд, ҳоло дақиқ нест, чӣ гуна ва дар чӣ вазъе нафари таҳти ҳимояташ худро аз ошёнаи севум ба замин партофтааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “ҳоло беморхонаи шаҳри Исфара пурра аз ҷониби мақомот иҳота шуда, табибон ҳам ягон иттиллоъ намедиҳанд. Бародари ҷабрдида вориди шӯъбаи эҳё гардида, худ аз ҳуш рафтааст ва ҳоло духтурон ба ӯ ёрии тиббӣ мерасонанд.” Наздикони
Умедҷон Тоҷиев мегӯянд, ӯ соли 2009 низ аз тарафи мақомот дастгир шуда, вале бо қарори додгоҳ аз боздошт раҳо гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, Файзиннисо Воҳидова бархӯрди созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистонро дар ин масъала зери бори танқид гирифта ва дар муроҷиат ба масъулони ин созмонҳо гуфт, “то кай Шумо дар утоқҳои гарми худ нишаставу аз маблағи созмонҳои байналмилалӣ баҳраманд мешавад ва дар бораи шиканҷа бидуни гузаронидани кадом як таҳқиқоту дур аз ҳиссиёти одамӣ гузоришу хулосаҳои сохта пешниҳод менамоед?!”
Хонум Воҳидова дар идома афзуд, “даҳҳо шаҳрванд бар асари ҷароҳати вазнин бардоштан дар пайи азобу шиканҷаи раванди тафтишот ҷони худро аз даст медиҳанд, вале Шумо аз дохили утоқи замонавии худ нишаста, тавсия медиҳед. Имрӯз аз ошёнаи сеюми Идораи пулиси Исфара худро ба замин афкандааст, ки ҳоло дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Магар инсон ба ин роҳ меравад, то маҷбур нашавад?”
Барои аввалин бор нест, ки баъзе аз боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон худро аз ошёнаи баланди идораи пулис ба зер меафкананд. Моҳи феврали соли 2011 Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе, низ худро аз ошёнаи дувуми Идораи пулиси ноҳияи Синои пойтахт ба замин партофта буд. Мақомот оқои Санговро дар тиҷорати маводи мухаддир муттаҳам мешумурданд. Агарчӣ мақомот гуфтанд, Сафаралӣ Сангов мехост, аз ин роҳ аз боздошт раҳо шавад, вале наздиконаш ба ин бовар буданд, ки Сангов дар пайи зарбу латти пулис маҷбур шудааст, худро ба зер афканад.