Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова
Ҳазорон нафар аз ҷавонони кишвар субҳи 2 ноябр таҳти шиори “Президенти ман” ба кӯчаву хиёбонҳои вилояти Суғд ва Бадахшон баромаданд.
Дар дасти ин ҷавонону наврасони тоҷик акси Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, парчам ва шиорҳое зери унвони “Президенти ман” дида мешавад. Иштирокдорони ин роҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон баъд аз марши “Президенти ман” ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд ба хотири иштирок дар барномаи консерите ворид шудаанд, ки шумораи онҳо зиёда аз 25 ҳазор мебошад.
Инчунин, ин гуна марш ё худ роҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон низ баргузор шуд. Интизор меравад, марши “Президенти ман” рӯзи 3 ноябр дар шаҳри Душанбе низ барпо гардад.
“Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ахиран аз иҷрои иқдоми умумиҷумҳуриявиеро таҳти унвони “Президенти ман!” аз сӯи он хабар дода буд. Ин созмон гуфт, дар доираи ин иқдом роҳпаймоии ҷавонон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт: “Беш аз 100 ҳазор ҷавонон ба хотири ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, дар интихоботи 6 ноябр ба кӯчаҳо мебароянд.”
Ин ҷиноҳи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, гуфта буд, ҷавононро ба марши "Президенти ман" тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ даъват хоҳад кард ва иштирок дар он озод мебошад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз иштирокдорон дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, онҳо намедонистанд, дар кӯчаҳо иштирокчии роҳпаймоӣ мешаванд: "Ба мо гуфтанд, ки Шумо бояд дар барномаи консертие иштирок кунед."
Инчунин, яке иштирокдорони дигари ин роҳпаймоӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, онҳо ба таври иҷборӣ аз сӯи масъулини донишгоҳу макотиби миёна ба кучаҳо баромадаанд, то дар марши мазкур ширкат варзанд: "Моро "ҳушдор" низ доданд, ки агар иштирок накунед, натиҷаи имтиҳонҳоятон манфӣ хоҳад шуд." Бояд гуфт, иштирокдорони марши "Президентӣ ман", ки имрӯз 2 ноябр ва дар рӯзи дарсӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид, аслан донишҷӯён ва донишомӯзон макотиби миёнаи ин вилоят буданд ва ҳатто онҳо дар бархе аз шиорҳои худ, ки дар даст доштанд, номи таълимгоҳи хешро зикр кардаанд.
Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз тарафи Иттиҳоди неруҳҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар интихоботи 6 ноябр, ки аз идомаи рақобат дар ин корзор маҳрум гардид, мегӯяд, "ташкили ингуна роҳпаймоӣ бо иштироки ҳазорон донишомӯз ва донишҷӯ ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аслан зарурат надошт." Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳоло Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии қарибулвуқуи Тоҷикистон бидуни рақиби ҷиддӣ ва "воқеӣ" вориди сабқат мешавад.