Лимити нерӯи барқ дар Тоҷикистон 15 соат муқаррар шуд
Ширкати “Барқи тоҷик” барои сарфаи обу энержӣ боз ба реҷаи маҳдудияти барқ ё худ лимит дар Тоҷикистон тағйирот ворид карда, муддати онро аз 7 соат ба 15 табдил дод.
Тавре Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мардуми навоҳии кишвар минбаъд аз соати 9-00 то 17-00 ва аз соати 22:00-и шаб то 5:00-и субҳ барқ нахоҳанд гирифт. Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин иқдом ба хотири захираи об дар обанборҳои кишвар ва таъмини беҳтари мардум бо барқ дар фасли зимистон аст, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон имсол қаҳратун хоҳад буд.
Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин маҳдудият ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад. Ин дар ҳолест, ки ин ширкат аз оғози маҳдудсозии неруи барқ дар қаламрави кишвар шуруъ аз рӯзи 26 октябр хабар дода гуфта буд, ки мардуми навоҳии кишвар минбаъд аз соати 23:00-и шаб то 5:00-и субҳ барқ нахоҳанд гирифт.
Сокинони манотиқи Тоҷикистон дар шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ дар манозилашон ранҷ мекашанд. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун лимити нерӯи барқ куллан аз миён бардохта хоҳад шуд. Нерӯгоҳе, ки сохтмонаш бо мухолифати шадиди ҳамсояҳои Тоҷикистон, бахусус Узбакистон, рӯбарӯ шуда, ҳанӯз ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии он аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳам ба поён нарасидааст.