Имсол беш аз 157 000 ҷавон бори аввал овоз медиҳанд
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) масъулони қитъаҳои овоздиҳоро муваззаф кардааст, то барои онҳое, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд, гул тақдим намоянд.
Ба қавли Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР, дар интихоботи президентии 6 ноябр 157 ҳазору 214 ҷавон барои аввалин бор раъй хоҳанд дод. Ин масъули Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯяд, “мо имкон надорем, ба ҳамаи ҷавононе, ки аввалин бор овоз медиҳанд, гул диҳем. Лекин, дар ҳар сурат, ба бештари қитъаҳои раъйдиҳӣ дастур додем, ки интихобкунандагонро хуш қабул намуда, ба ҷавононе, ки бори аввал ба овоздиҳӣ меоянд, якдонаӣ гул диҳанд.”
Дар маҷмӯъ, каме бештар аз 4 миллион тоҷикистонӣ иҷозаи овоздиҳӣ доранд, ки як қисми онҳо дар муҳоҷират, бахусус дар Русия қарор доранд. Интихоботи президентии Тоҷикистон 6 ноябр баргузор хоҳад шуд, ки дар он шаш нафар барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ талош доранд. Яке аз ин номзадҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, аст, ки барои бори чорум дар интихобот иштирок мекунад. Вай дар се интихоботи гузашта бар рақибонаш пирӯз омада, ба курсии президентӣ такя задааст.
Баъд аз берун шудани Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи нерӯҳои ислоҳотхоҳ, бештари соҳибназарон мегӯянд, ин дафъа низ оқои Раҳмон зимоми қудратро ба ҳеч яке аз рақибонаш нахоҳад дод. Ҳоло дар баробари Эмомалӣ Раҳмон Исмоил Талбаков (ҲКТ), Олим Бобоев (ҲИИТ), Абдуҳалим Ғаффоров (ҲСТ), Саидҷаъфар Исмонов (ҲДТ) ва Толиббек Бухориев (ҲАТ) довталаби курсии президентиянд.