Нигаронии муфтӣ аз риёкории баъзе ҳоҷиён ва манъи тиловати Қуръон
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз рафтани бархе аз ҳоҷиёни тоҷик ба зиёрати Хонаи Худо ба хотири риё ё худнамоӣ нигаронӣ кард.
Раиси Шӯрои уламои кишвар рӯзи 1 ноябр зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар ин бора ибрози назар кард. Ӯ гуфт, ҳарчанд ин шӯро ба масоили рафту омади Ҳаҷ ҳеч иртибот надорад, вале “гоҳо бархе аз нафарон назди мо меоянду мегӯянд, оқои муфтӣ ҳамсоя ё писарамакам ҳаҷ рафтааст, агар ман наравам, “шарманда” мешавам.”
Абдулқодирзода аз намозгузорони тоҷик даъват кард, ҳар кор ё ибодатеро мехоҳанд анҷом диҳанд, хос аз барои Худо бошад: “Ибодатро на бояд ба хотири шахсият ё писарамаку ҳамсоя анҷом диҳем.” Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.
Инчунин, оқои Абдулқодирзода аз он ибрози ташвиш кард, ки дар бархе аз маъракаю маросимҳо тиловати Қуръон манъ карда мешавад. Ӯ гуфт, ҳоло бархе аз бародарон дар баъзе маъракаю маросимҳо намегузоранд, ки ояти Қуръон тиловат шавад. Ҳарчанд раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин бора мисоли дақиқ наоварду аз кадом як гуруҳе ном набурд, вале таъкид дошт, ки сари ин мавзуъ боз баргашта, суҳбати хоссаеро анҷом хоҳад дод.