100 ҳазор ҷавон барои ҳимояти Раҳмон ба кӯчаҳо мебароянд
“Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) мегӯяд, иқдоми умумиҷумҳуриявиеро таҳти унвони “Президенти ман!” доир менамояд.
Бар асоси иттилои ин созмон, дар доираи ин иқдом роҳпаймоии ҷавонон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар назар аст: “Беш аз 100 ҳазор ҷавонон ба хотири ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, дар интихоботи 6 ноябр ба кӯчаҳо хоҳанд баромад.”
“Созандагони Ватан” мегӯяд, ин раҳпаймоӣ рӯзи 2 ноябри соли 2013, соати 8-00, дар марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст. Қаноти ҷавонони ҲХДТ мегӯяд, дар шаҳри Душанбе ин иқдом санаи 3 ноябр дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо ҷалби ситораҳои эстрада баргузор хоҳад гардид.