Боздошт ва бозпурсии Аслиддин -- писари Алим Шерзамонов
Аслиддин, писари Алим Шерзамонов -- раҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар Бадахшон, бо дархости Кумитаи амнияти миллӣ боздошт ва баъд аз бозпурсӣ раҳо шудааст. Дар ин бора худи Алим Шерзамонов хабар дод.
Вай субҳи 1 ноябр дар саҳифаи Фейсбук навишт, писараш рӯзи 30 октябр дар гузаргоҳи марзии Қизил-Арт, миёни ноҳияи Мурғоб ва Қирғизистон, бо дархости Кумити амнияти миллӣ боздошт шудааст. Ба қавли Шерзамонов, писараш бо нияти сафар ба Русия, аз Хоруғ ба шаҳри Ӯш рафтанӣ буд.
Аслиддин Шерзамоновро дар мавриди падараш, ҳаводиси тобистони соли гузаштаи Хоруғ ва дигар масоил бозпурсӣ кардаанд. Раиси дафтари ҲСДТ дар Бадахшон меафзояд, баъд аз он ки ҳамроҳони Аслиддин аз боздошти ӯ хабар доданд, раҳо гардидааст.
Ин мухолифи ҳукумат бовар дорад, мақомот телефонҳои ӯву наздиконашро гӯш мекунанд ва боздошти писараш низ ба ҳаводиси Хоруғу фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт доранд. Оқои Шерзамонов яке аз мухолифони амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар тобистони соли 2012 дар шаҳри Хоруғ буд. Вай дар ҷараёни ин амалиёт Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк карда, танҳо баъд аз як соли ин ҳодиса ба Ватан бозгашт.
Ҳангоми вурудаш ба Тоҷикистон ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои чанд лаҳза боздошт карда, сипас раҳо намуданд. Пас аз он ҳам оқои Шерзамонов барои як гуфтугӯи тӯлонӣ ба дафтари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон даъват шуда буд.