Пирӯзии як муштзани тоҷик бо ҳисоби калон аз болои боксчии рус
Асрор Воҳидов муштзани тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба муштзанӣ миёни наврасон дар вазни то 48 кило унвони Қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд.
Баъди ғалабаҳои пайдарпай Асрор ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфта, бо намояндаи Русия Владислав Красношин вохӯрда, ҳарифи худро бо ҳисоби калони 20 бар 9 шикаст дод. Дар мусобиқоти ҷаҳонии муштзанӣ миёни наврасон, ки дар Остонаи Қазоқистон доир мегашт, миёни 500 нафар ширкаткунандагон 6 нафар муштзани тоҷик низ ширкат намуданд ва хамчунин 1 медали тилло ба даст оварданд.{jathumbnail off}