Нақшаи даъват ба сафи Артиши Миллӣ ҳудуди беш аз 80 дарсад иҷро шудааст.
Бино ба қавли сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, Фаридун Маҳмадалиев сафарбарнамоии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ аз аввали моҳи апрел то имрӯз дар саросари кишвар ба 83% расида, ин маърака то 30-уми майи соли равон идома хоҳад ёфт. Ба иттилои манбаъ, иҷроиши нақша дар вилояти Суғд 70%, дар вилояти Хатлон 95%, дар ВМКБ 94%, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 81% ва дар шаҳри Душанбе бошад, 79% иҷро гардидааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки маъракаи сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз ду давра иборат буда, акнун даври баҳорӣ ба охир мерасад ва давраи тирамоҳӣ аз авали моҳи окябр оғоз ёфта, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.