КМИР гуфт, Раҳматилло Зоиров сари калобаашро гум кардааст
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) иддаои масъулони Ҳизби сотсиал-демократ ба раҳбарии Раҳматилло Зойировро дар бораи бойкоти интихоботи президентӣ ва ғайриқонунӣ будани он беасос донист. Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР, ба “Озодагон” гуфт, оқои Зойиров зоҳиран сари калобаашро гум карда ва намедонад ҷараёни интихоботи президентиро чигуна ба манфиати худ истифода кунад.
Додоев мегӯяд, “Зойиров дар аввал гуфта буд, аз таҳрим кардани инитихоботи гузашта пушаймон шудааст. Баъдан аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ кард, аммо то анҷоми муҳлати пешбарии номзадҳо ба мансаби президентӣ анҷумани ҳизбашро баргузор накард ва аз Бобоназарова пуштибонӣ нанамуд.”
Ба қавли раҳбари дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот, таҳрими ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз сӯи ҲСДТ танҳо мавқеи шахсии Зойиров буда, пуштибони зиёде надорад. “Мо дар ҳеч вазъият ин ақидаи ӯро ба эътибор ҳам намегирем ва эътироф намекунем. Интихобот ба маънои томаш озоду шаффоф ҷараён дорад. Ин интихобот аз интихоботи гузашта ба куллӣ фарқ дорад. Шаффофияту демократӣ будани интихобот аз он иборат аст, ки аз 40 кишвари дунё зиёда аз 500 нозири байналмилалӣ ташриф овардаанд. Номзадҳо ба мансаби президент дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо интихобкунадагон вохӯрӣ доранд ва ин мулоқот ба воситаи телевизиону радио пахш мегардад. Магар ин демократия нест?”,-афзуд Додоев.
Ин масъули Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯяд, интихоботро таҳрим кардани ҲСДТ ба ҷараёни он ягон таъсир нахоҳад дошт. «Моро мардум эътироф кунад. Тақдири интихоботро раъйи интихобкунандагон ҳал мекунад, ки зиёда аз чор миллионро ташкил медиҳад. Дар ягон ҳолат як ҳизби сиёсӣ тақдири интихоботро ҳал карда наметавонад»,-таъкид кард ӯ.
Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми 31 октябр интихоботи президентии шашуми ноябрро бойкот карда, ғайриқонунӣ эълон намуд. Дар пайи он, Мирҳусейн Назриев, раиси ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон низ бо нашри баёнияе гуфт, интихоботи президентиро таҳрим кардааст. Аз ин пештар, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфта буд, аз иштирок дар интихобот худдорӣ менамояд, вале он маънои бойкотро нахоҳад дошт.
Интихоботи президентии Тоҷикистон шашуми ноябр баргузор мешавад. Кумисюни марказии интихобот номзадии шаш нафарро расман сабтином кардааст, ки барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ талош доранд. Дар оғоз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ шомили онанд, номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба мақоми президентӣ пешбарӣ карда буданд. Аммо ба қавли мақомот онҳо 210 ҳазор имзои заруриро ба тарафдории Бобоназарова ҷамъоварӣ накарда ва ба Кумисюни марказии интихобот ҳам пешниҳод нанамудаанд.
Хонум Бобоназарова яке аз рақибони аслӣ ва ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр дониста мешуд. Вале бо канор рафтани ӯ аз сабқати интихобот зоҳиран майдон холӣ ва оқои Раҳмон бидуни рақиби ҷиддӣ мондааст.