Тошканд боздошти тоҷири тоҷик барои оятҳои Қуръонро шарҳ дод
Ҳукумати Узбакистон ба дархости сафорати Тоҷикистон дар мавриди боздошти тоҷири тоҷик посух гуфта, омилҳои ин қазияро шарҳ додааст.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, мақомоти узбак гуфтаанд, тоҷири тоҷик, Зубайд Мирзораҳимов, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД дар шаҳри Бекобод қарор дорад.
Тошканд гуфтааст, Мирзораҳимов аз рӯи ду банди Кодекси маъмурии Узбакистон, - барои нигоҳдорӣ, вуруд ва паҳни ғайриқонунии адабиёти динӣ ва инчунин нақзи қоидаҳои назорати гумрукӣ муттаҳам мешавад. Ин бандҳои қонунгузории Узбакистон ҷарима дар ҳаҷми то 100 маоши ҳадди ақалро пешбинӣ мекунанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикстон таъкид намуд, ки ин қазияро пайгирӣ дорад ва аз ҷараёни ҳаводис хабар хоҳад дод: “Айни ҳол вазъи саломатӣ ва нигаҳдошти Мирзораҳимов хуб буда, бо се вақт ғизо таъмин аст.”
Зубайд Мирзораҳимов тоҷири тоҷик охири моҳи сентябр, ҳангоми ҳаракат ба самти Кореяи Ҷанубӣ, барои пайдо кардани оятҳои Қуръон дар телефони мобилияш боздошт гардидааст. Ин қазия бори аввал набуда, қаблан низ шаҳрвандони тоҷик барои дарёфти осори динӣ дар телефону фиттаҳояшон дар Узбакистон боздошт мешуданд.