Дар Тоҷикистон барои 5 намуди ҷиноят ҳукми қатл боқӣ мондааст
Масъулини Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон масъалаи зарурати ҳукми қатлро дар қонунгузории кишвар баррасӣ намудаанд.
Мавзӯи ҳукми қатл дар Тоҷикистон, ки айни ҳол мавриди омӯзиши олимону муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқ қарор дорад, то замони истиқлолият тибқи Кодекси ҷиноятӣ, ки соли 1961 қабул шудааст, барои 44 намуди ҷиноят пешбинӣ гардидааст: “Баъди қабули Кодекси нави ҷиноятӣ соли 1998 ба 15 навъи ҷиноят ҳукми қатл раво дониста шуд. Соли 2003 ба кодекси мазкур тағйиру иловаҳо дохил гардид ва барои 5 намуди ҷиноят-куштор, таҷовуз ба номус, терроризм, геносид ва биосид ҷазои қатл муайян шуд. Соли 2004 ба ҷазои қатл 10 сол моратория эълон гардид.”
Айни ҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси паймонҳои байналхалқие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, талаб дорад, ки ҳукми қатл аз қонунгузории кишвар батамом бардошта шавад. Дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ танҳо дар Беларус ҷазои қатл вуҷуд дораду халос.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ҳукми қатл гуфт, хулосаи ниҳоӣ дар ин маврид танҳо дар асоси омӯзиши назари олимон ва оммаи кишвар қабул хоҳад шуд.