Гулназар Келдӣ: "Маро ҳеч кас назад, худам ғалтидам..."
Гулназар Келдӣ, шоири маъруф ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, рӯзи 1 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” овозаҳо дар мавриди латту кӯбаш аз сӯи афроди ношиносро рад кард ва баръакс гуфт, “худам ғалтидам”.
Вай тасдиқ кард, ки аз сараш ҷароҳат бардоштааст, вале афзуд, он осори латту кӯб нест: “Ҳангоми таъмири хона аз болои миз ғалтидам ва сарам ба девор зад. Камтар лат хӯрдам. Айни ҳол вазъи саломатиям хуб аст.”
Ахиран дар Душанбе овозаи мавриди латту кӯб қарор гирифтани Гулназар Келдӣ дар назди даромадгоҳи хонааш паҳн гардид. Ва он ҳам дар ҳоле буд, ки номи оқои Гулназар аз феҳристи афроди боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президентӣ, ҳазф гардида, ба ҷои ӯ номи Олимҷон Салимзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, шомил гардид.
Кумисюни марказии интихобот дар оғоз гуфт, ин кор бо хоҳиши номзад сурат гирифтааст. Ҳарчанд Гулназар Келдӣ онро ба марги келини ҷавонаш, ки наметавонад дар рӯзҳои мотамдорӣ ба таблиғ машғул бошад, рабт дод. Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон ва яке аз шоирони маъруфи муосири тоҷик, аст. Вай дар интихоботи парлумонии соли 2005 ҳамчун вакили Маҷлиси Намояндагон вориди парлумон шуда буд.