ВКД дар бораи “разбор”-ҳо ва сӯистифода аз мошинҳои давлатӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаҳри Душанбе тайи 9 моҳи соли равон 13 ҳолати муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону донишҷӯён бо истифодаи корд ва дигар олотҳои буррандаю халанда ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ тайи ин муддат дар ҷумҳурӣ 135 ҳолати идоракунии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ноболиғон ошкор гардидааст: “Бо иштироки ноболиғон 12 садамаи нақлиётӣ содир шудааст, ки дар натиҷа 8 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтаанд. Танҳо дар шаҳри Душанбе ноболиғон 3 садамаи нақлиётӣ содир намудаанд, ки дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расида, 5 кас ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтаанд.”
Инчунин ВКД 853 ҳолати истифодабарии нақлиёти давлатӣ ба манфиати шахсӣ, 1696 ҳолати иштироки барзиёди мошинҳо дар тӯйю маъракаҳо, 2459 далели истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо асбобҳои иловагии баланд садодиҳанда (сирена), ки шабона оромии шаҳрвандонро халалдор месозанд, ошкор кардааст.
Дар маҷмуъ Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 9 моҳи соли равон дар кӯчаву роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 738 800 вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст: “Аз ин 6 945 ҳодисаи идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 25 800 ҳолати бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 706 ҳолати истифодаи ғайриқонунии нақлиёти сиёҳшиша, 4 237 ҳолати бе рақамҳои қайди давлатӣ, 6688 ҳодисаи итоат накардан ба корманди милитсия, 11511 ҳодисаи риоя накардани талаботи чароғакҳо, 21 483 ҳолати гуфтугӯи ронанда бо телефони мобилӣ дар пушти чамбараки мошин ошкор шудааст.”