БДРЧ ва Амонатбонк ҳамкориашонро тақвият медиҳанд
Дар бинои асосии «Амонатбонк» мулоқоти ҳайати корӣ бо намояндагони бонки давлатии рушди Чин баргузор шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии «Амонатбонк» ҳайати кории БДРЧ бо сафари чандрӯза, ҷиҳати анҷоми омӯзиш ва таҳлили як зумра лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва доир намудани мулоқотҳо бо масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БДА ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварданд. Дар ин мулоќот ҳайати кории БДРЧ Чжан Тсинмин сардори Департаменти аввали баррасии лоиҳаҳои БДРЧ роҳбари ҳайат, Тсюй Янвэн, муовини сардори Департаменти аввали баррасии лоиҳаҳои БДРЧ, Чжан Тсзянсин, муовини роҳбари филиали Синтсзяни БДРЧ, Вэй Лянчун ёвари директори шӯъбаи дуюми баррасии лоиҳаҳои БДРЧ, Лю Бин директории Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи филиали Синтсзяни БДРЧ ва масъулини намояндагии БДРЧ дар Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҳайати Амонатбонк бо роҳбарии раиси раёсат Гулнора Ҳасанова аз муовинони раис, директорони департамент ва сардорони идораҳои асосии бонк иборат буд.
Ҳамзамон, Амонатбонк якчанд пешниҳодҳоро ҷиҳати сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои ҷумҳурӣ манзур намуд. Яке аз чунин пешниҳодҳо ин аз тарафи БДРЧ додани қарзҳои имтиёзноки яклухт барои рушди соҳибкорӣ, кишоварзӣ ва дастгирии аҳолии кӯҳистон мебошад.
Гуфтанист, бонки давлатии рушди Чин яке аз бонкҳои бонуфузтарини ҷумҳурии мардумии Чин ба шумор рафта, соли 1994 ташкил ёфтааст. Дороиҳои бонк 700 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, фаъолияти асосии он ба сармоягузории лоиҳаҳои хурд ва бузург дар дохил ва хориҷи кишвар равона карда шудааст. Тавассути Амонатбонк 22 лоиҳаи хурду бузурги хоҷагии халқи ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи БДРЧ сармоягузорӣ карда мешавад.{jathumbnail off}