Норозигии духтари президент аз иқдоми мақомот
Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон мегӯяд, мақомоти кишвараш шабакаҳои телевизионии ӯро ғайриқонунӣ бастаанд.
Хонум Каримова, ки дар саҳифаи “Twitter”-и худ масдуд шудани шабакаҳои телевизионияшро тасдиқ кард, мегӯяд: “Базудӣ шабакаҳои нави телевизионӣ бо барномаҳои тозаву гуногун ифтитоҳ хоҳад шуд, ки оламро "тасхир" мекунанд.” Духтари раисиҷумҳури Узбакистон таъкид кардааст, ки ин иқдоми мақомоти кишвараш ва бозҷӯии фаъолияти ширкати “Terra Grouр”, ки марбут ба ӯст, беасос мебошанд.
Расонаи “Uznews.net” ахиран хабар дода буд, ки аз рӯзи 21-уми октябр намоиши барномаи шабакаҳои телевизионии “Форум ТВ”, “Марказ ТВ” ва “NTT” дар қаламрави Узбакистон қатъ гардидааст. Ба иттилои манбаъ, ба ҷои ин се шабакаи узбакӣ, барномаҳои шабакаи телевизиони русии “Спорт-1”, “Евроспорт” ва “Энимал планет” ба намоиш гузошта шуд.
Ҳар чанд барои гирифтани таъйиди расмии ин хабар аз сӯи рӯзноманигорон талош шуда буд. Вале ба зангҳои телефонӣ посбонҳо ҷавоб дода, дар ин бора ибрози беиттилоӣ карданд.
Танҳо яке аз посбонҳои шабакаи телевизионии “Марказ-ТВ” гуфта буд, ки барои гузаронидани корҳои профилактикӣ дар ин шабака аз “боло” дастур шудааст. Вале ба суоли хабарнигор, ки чаро якуякбора се шабакаи телевизионии марбут ба хонум Каримова аз фаъолият боз монд, посбон гуфтааст, дар ин бора чизе гуфта наметавонад.