Ҳизби Зоиров интихоботи президентиро бойкот кард
Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) интихоботи президентии 6 ноябрро таҳрим ё худ бойкот кард.
Ин ҳизб, ки рӯзи 31 октябр ҷаласаи навбатии Шӯрои сиёсии худро баргузор кард, мегӯяд, интихоботи президентии Тоҷикистон хилофи арзишҳои демократӣ, манофеи миллӣ ва ғайриқонунӣ буда, онро қабул надорад. Дар баёнияи ин ҳизб, аз ҷумла омадааст, Тоҷикистон дар ҷараёни интихоботи президентӣ ба ҳолати буҳрони конститутсионӣ ворид шудааст.
Масъулини ҳизби мазкур гуфтаанд, Қонуни асосӣ, қонун ва ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванди Точикистон беқадр гардида, бо натиҷагирии раванди интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакӣ ба сохти конститутсионӣ, амнияти миллӣ ва идораи давлатӣ хатар таҳдид мекунад. "Бинобар ин, натиҷаи интихоботи ғайриқонунӣ ва қалбакиро, ки хилофи Конститутсия, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои демократӣ мебошад, ҲСДТ эътироф надорад ва интихоботи президенти моҳи ноябро таҳрим мекунад",-омадааст дар баёния.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ҲСДТ аз Кумисюни марказии интихоботи кишвар (КМИР) сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентиро қотеона талаб карда, ба ин ниҳод то 1 ноябр муҳлат дода буд. Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар анҷумани пешазинтихоботии худ, ки рӯзи 12 октябр баргузор шуда буд, ба қароре омад, ки агар то 1 ноябр номзадии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ба мақоми президентӣ ба қайд гирифта нашавад, интихоботи раёсати ҷумҳури моҳи ноябрро таҳрим хоҳад кард.
Ба гуфтаи раҳбарияти ҲСДТ, ба ҷонибдорӣ аз Бобоназарова аз миқдори муайяншуда зиёд имзо ҷамъоварӣ шуда ва сабтином накардани ӯ амали ғайриконситутсионист. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ гуфт, “панҷ дарсад аз 4 миллиону 34 ҳазор интихобкунандагони кишвар, ки онро КМИР тасдиқ кардааст, 200 ҳазору 110 имзо мешавад. Дар ҳоле ки ситоди Бобоназарова 201 ҳазору 236 имзо ҷамъ овардааст. Яъне, як ҳазору 126 имзо зиёд дорад.”
Инчунин, ҲСДТ барои бойкот нашудани интихоботи президентӣ аз сӯи он шарти дигареро низ назди КМИР гузошта буд. Ин ҳизб гуфт, бақайдгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури вақти кишвар ва яке аз муддаиёни курсии президентӣ дар интихобот “амали ғайриконститутсионӣ мебошад”. Чун ба гуфтаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон тибқи Сарқонуни Тоҷикистон ба ин ҳуқуқ надорад ва ба қайдгири номзадии ӯ ғайриқонунист: “Аз ин рӯ, ҲСДТ натиҷаи интихобот бо иштироки Эмомалӣ Раҳмонро ғайриқонунӣ ҳисобида, агар номзадии ӯ гирифта нашавад, интихоботи моҳи ноябрро таҳрим хоҳад кард.”
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли равон баргузор мешавад. КМИРТ шаш муддаии ин курсӣ, намояндаҳои ҲХДТ, ҲДТ, ҲКТ, ҲСТ, ҲАТ ва ҲИИТ-ро сабти ном кардааст. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи декабри соли 2002 дар Вазорати адлияи кишвар сабтином шуда, ҳамчун ҳизби мухолиф фаъолият дорад.