Парлумони холӣ. Шукурҷон Зуҳуров вакилонро ба куҷо гусел кард?
Ҳумайрои БАХТИЁР
Дар пешорӯи интихоботи президентии Тоҷикистон, ки 6 ноябр баргузор хоҳад шуд, вакилони Маҷлиси Намояндагон ғайриинтизор ба таътил баромадаанд. Таътили онҳо 24 октябр оғоз ёфта, 4 ноябр ба анҷом хоҳад расид.
Ҳусайнӣ: “Касе напурсид, ин амал қонунист, ё на”
Ба қавли Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон аз Ҳизби наҳзати исломӣ, ин таътилро Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагон эълон кардааст. Оқои Зуҳуров гуфтааст, баъзе аз вакилон аз ӯ хостаанд, дар давраи таблиғоти номзади ҳизбашон ба курсии президентӣ онҳоро аз кори парлумон озод намояд.
“Шукурҷон Зуҳуров гуфт, бо ин дархости худ вакилон гуфтаанд, бояд ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарҳо анҷом дода, номзади худро таблиғ кунанд. Ба ин тартиб, тасмим шуд, ки кулли парлумон аз 24 октябр то 4 ноябр ба истироҳат меравад”,-гуфт Саидумар Ҳусайнӣ. Муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, суоли ӯ дар мавриди то куҷо қонунӣ будани ин амали парлумон аз тарафи дигар ҳамкасбонаш бе ҷавоб мондааст.
Шабдолов: “Истироҳат барои шахсони боэътимод аст”
Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ва вакили ин ҳизб дар парлумон, ҳам мегӯяд, шахсан мухолифи он аст, ки парлумон ба таври худсарона фаъолияташро қатъ кунад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, бар асоси қонун бояд танҳо шахсони боэътимоди номзад ба курсии президентӣ ба истироҳат бароянд. “Он шахсони боэътимод, ки аз тарафи Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) сабти ном шудаанд, дар арафаи интихобот метавонанд ба корҳои таблиғотӣ машғул бошанд. Қонун бояд муайян кунад, ки то чанд вакил метавонад шахси боэътимод бошад. Аммо ин бора дар қонуни амалкунандаи интихоботи президентӣ чизе гуфта нашудааст”,-афзуд Шабдолов.
Ватанов: “Қонун манъ накардааст”
Ин дар ҳолест, ки Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), мегӯяд, машғул шудани вакилон ба таблиғи номзади ҳизби худ берун аз салоҳияти фаъолияти парлумонӣ нест. “Ин истироҳати берун аз нақшаи парлумонӣ буда, барои ин даҳ рӯз ба вакилон маблағи сафари хидматӣ дода намешавад. Набояд фаромӯш кард, ки ин амал аз ҷониби қонунгузории Тоҷикистон манъ нашудааст”,-изҳор дошт Ватанов. Номбурда мегӯяд, вақте ӯ аз рӯйи феҳристи ХҲДТ вориди парлумон шуд, пас, чаро имрӯз барои ин ҳизб кумак накунад?
Ҳуқуқшинос: “Таътили 10-рӯзаи парлумон қонуншиканӣ аст”
Маҳмадалӣ Ватанов дар ҳоле ин амали парлумонро қобили қабул медонад, ки ба гуфтаи ҳуқуқдон Файзиннисо Воҳидова ба истироҳати 10-рӯза фиристодани вакилони мардумӣ комилан хилофи қонунгузории кишвар аст. Хонум Воҳидова бар ин назар аст, ки бо ин амали худ Маҷлиси Намояндагон ба таври дағалона бандҳои қонун “Дар бораи интихоботи президентӣ” ва “Дар бораи интихоботи парлумонӣ”-ро вайрон кардааст.
“Дар қонунгузории Тоҷикистон омадааст, ки барои интихоботи президентӣ ҳокимияти қонунгузор ва додгоҳӣ бояд дахолат накунанд. Ҳамчунин, дар қонун омадааст, ҳеч мансабдор, аз ҷумла вакилон набояд бо корҳои таблиғотӣ дар ин маъракаи сиёсӣ даст зананд”,-мегӯяд Файзиннисо Воҳидова.
Ин ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик дар идома афзуд, ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд барои худсарона ба таътил фиристодани вакилон парлумони Тоҷикистонро ба додгоҳ бикашад: “Зеро қонун дар бораи вакилони мардумӣ пешбинӣ кардааст, ки онҳо дар як сол як бор ҳуқуқи ба таътил рафтанро дошта, танҳо дар сурати пеш омадани ҳолатҳои изтирорӣ ё фавқулодда ба онҳо истироҳат дода мешавад. Аммо ин истироҳати вакилон дар ҳолати изтирорӣ нест. Ин “прогул” аст. Тибқи қонунгузорӣ дар ҳолати се соат ба ҷойи кор наомадан, коргар бояд сабукдӯш карда шавад. Модоме ки вакилон аз ҲХДТ шаҳодатномаи шахси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмонро надоранд, онҳоро бояд аз кори парлумон ронд.” Ҳуқуқдони тоҷик бовар дорад, парлумони Тоҷикистон танҳо ба хотири исботи садоқати худ ба ҳукумат ба ин кор даст задааст.
Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, аз 63 курсӣ иборат аст, ки бештар аз 80 дарсади он ба намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ марбут мебошад. Бино бар иттилои расмӣ, то имрӯз аз тарафи Кумисюни марказии интихобот танҳо се вакил -- Шодӣ Шабдолов (ҲКТ), Амир Қароқулов (ҲАТ) ва Олимҷон Салимзода (ҲХДТ) расман ҳамчун шахсони боэътимоди номзадҳо ба мақоми президентӣ сабти ном шудаанду бас.