Сарвазири Қирғизистонро дар "фасодкорӣ" муттаҳам мекунанд
Жанторо Сотиболдиев, сарвазири Қирғизистон дар фасодкории марбут ба ширкатҳои ҳавопаймоии кишвараш муттаҳам мешавад.
Ба иттилои расонаи “K-News.kg”, Эркинбек Олимбеков, намояндаи мардумии қирғиз аз Ҳизби “Ота макон”-и Қирғизистон мегӯяд, дар кишвараш барои бархе аз ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ фазои инҳисорие ба вуҷуд меоранд, ки онҳо тавонанд аз интиқоли мусофирон аз Русия ба Қирғизистон даромади бештаре ба даст оранд.
Ба гуфтаи ин намояндаи мардумии қирғиз, духтари сарвазири Қирғизистон соҳиби яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар мебошад.
Олимбеков изҳороти ахири котиби матбуотии сарвазири Қирғизистон оид ба марбут набудани ягон ширкати ҳавопаймоӣ ба Сотиболдиевро такзиб карда, гуфтааст, раҳбари Ширкати ҳавопаймоии “Скай-Бишкек” Асал Нурматова Жантороевна, духтари сарвазири Қирғизистон мебошад.
Олимбеков афзудааст, ки сарвазири Қирғизистон дар нақшаҳои корупсионии марбут ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар даст дорад ва аз ҳаққи боқӣ мондан дар ин мансаб маҳрум мебошад. Ӯ муҳокимаи ин масъаларо аз парлумони Қирғизистон хостор шуда, барои баррасии он таъсиси як гуруҳи корӣ аз сӯи вакилони қирғизро талаб кардааст.