Саршумори бузҳои дурага дар Шӯрообод ба 20-то расид
Дар ноҳияи Шӯрообод яке аз шуғлҳои асосии сокинон чорводорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин минтақаи кӯҳистон, дар баробари парвариши намудҳои гуногуни ҳайвон аз ҷониби хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ, инчунин аҳолӣ низ ба ин соҳа сахт бастагӣ дорад. Гузашта аз ин, дар ҷангалҳову даштҳои бекарони он ҳайвоноти зиёди ваҳшӣ ҳам ба сар мебаранд.
Дар ҳамин ҳол, барои вазну ҳам шири зиёд гирифтан аз бузу гӯсфанд, чорвопарварони ноҳия 5-сол муқаддам 2-сар бузи хонагиву кӯҳиро дурага кардаанд ва барои зиёд намудани насли нав, онҳоро ба кўҳистону чарогоҳ раҳо намудаанд. Бино ба иттилои муовини раиси ноҳия Шоев, дар ҳоли ҳозир шумораи ин бузон беш аз 20-сар гашта, онҳо тақрибан аз инсон тарс надоранд ва ба мавзеи аҳолинишин беҳарос омадан мегиранд. Вазни бузони дурага низ аз ҳайвони хонагӣ ба куллӣ фарқ дошта, қариб як маротиба фарбеҳу сервазн будаанд. {jathumbnail off}