Мардикор барои нагирифтани пули пахта донишҷӯро кушт
Як ҷавони узбакистонӣ бо корд ба донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Андиҷон ва модари ӯ ҳамла кардааст.
Дар натиҷа Зулфира Аҳмадоваи 21 сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, модараш бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ аст. Бино ба иттилои бахши узбакии радиои “Озодӣ” ин ҷавон ба ҷои Зулфира ба саҳро пахтачинӣ рафта, аммо вақте пули корашро намегирад, ба ин амал даст мезанад.
Гуфта мешавад, Зулфира Аҳмадова бо далели бад будани вазъи саломатӣ ба ҷои худ мардикор киро мекунад, ки аз ӯ Ботир Йулбоев ном мебаранд.
Бино ба иттилои мақомоит ҳифзи ҳуқуқи Андиҷон мард ба гуноҳи худ иқрор карда ва гуфтааст, далели ин кораш дарёфт накардани маблағи ваъдагӣ аз сӯи духтарак будааст.
Ба навиштаи “Озодлик” теъдоди қурбониёни мавсими имсолаи пахтағундорӣ дар Узбакистон ба даҳо нафар мерасад. Аз ин пеш дар Хоразм ҳангоми чидани пунба навраси 16 сола -- Эркабой Йўлдошев ба ҳалокат расид. Баъдан, дар саҳрои Қарақалпокистон баъди таҳқирҳои маъмурияти маҳаллӣ кишоварзи 38 сола худро овехт. Донишҷӯи 22 солаи Донишгоҳи Намангон бошад, дар саҳрои пахта аз суи ҳамсабақони худ то мурдан лату куб шуд. Дар Сурхандарё дар майдони пахта Хайрулло Норматови 31 сола ба ҳалокат расид. Дар Нукус Ембергенова Малика, донишҷӯи соли дуюми колеҷи тиббӣ худкушӣ кард. Ин танҳо чанд ҳолати мавсими имсолаи пахтағундорӣ аст, навиштааст бахши узбакии радиои “Озодӣ”.