Норозигии масъулини зиндон аз муроҷиати падари маҳбус ба президент ва расонаҳо
Волидони Муҳаммадиқбол Зоидов, маҳбуси зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат мегӯянд, масъулини зиндон ба онҳо иҷозаи мулоқот бо фарзандашонро намедиҳанд. Волидони маҳбус иддао доранд, ки фарзандашон дар пайи латтукӯби маъмурини зиндон дар дами марг қарор дорад.
Шариф Зоидов, падари Муҳаммадиқбол, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳафтаи гузашта маҳбусон аз Муассисаи ислоҳии №2-и шаҳри Ваҳдат, ки бо номи “Кирпичний” маъруф аст, занг зада, хабари марги писарашонро расонданд: “Ман 25-уми октябр, пас аз шунидани ин хабар ба маҳбасхона рафтам, то асли воқеаро бифаҳмам. Ба ман гуфтанд, ки писарам намурда, балки дар дами марг аст. Писарамро дидам, баданаш ягон ҷои обод надорад. Аз зинда мондани фарзандам умедам канд ва ҳатто табиби маҳбасхона ба ман гуфт, ки 99 фоиз писаратон мурдааст.”
Шариф Зоидов аз он шикоят дорад, ки пас аз ин дидор масъулини маҳбасхона ба ӯ иҷозаи аёдати фарзандашро надоданд ва ниҳоят ӯ маҷбур шуд ба президент муроҷиат кунад: “Маҷбур шудам, аввали ҳафтаи равон, ҳамроҳи ҳамсарам ба назди Қасри Миллат омадам, то додамро ба президент гӯям. Аммо посбонҳо ба мо гуфтанд, ки президент намешавад ва рафта дар дастгоҳи раисиҷумҳур шикояти хаттӣ нависед.”
Зоидов мегӯяд, дар пайи ин ба расонаҳо муроҷиат кард, вале ин кор ба масъулини зиндон маъқул нашуд: “Онҳо эърод гирифтанд, ки чаро ман ба расонаҳо муроҷиат кардам. Ҳоло ҳам ба ман иҷозати мулоқот бо фарзандам надодаанд. Ба вакили дифоъ муроҷиат кардем ва ҳоло ӯ ба қазияи фарзанди ман машғул аст.”
Ба гуфтаи падари маҳбус, Муҳаммадиқбол Зоидов, соли 1987 таваллуд шуда, соли 2006 бо моддаи 249 (роҳзанӣ) қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.