Видеои суолу ҷавоб бо роҳгузарон дар бораи вазирони тоҷик
Аксар раҳгузарони хиёбонҳои Душанбе дар ҷавоб ба саволи “кадом вазири тоҷикро мешиносед?” аз Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ё Оқил Оқилов ном мебурданд. Дар ҳоле ки аввалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбесту дувумӣ нахуствазири Тоҷикистон.
Танҳо як гуруҳи хурд аз вазири маориф Нуриддин Саидов ва вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ном бурданд. Иддае ҳам бо “намедонам” ва ё “агар бинам, мешиносам” иктифо мекарданд. Ин суолу ҷавоб дар ҳолест, ки назарҳо дар бораи фаъолияти вазирони тоҷик мухталиф аст. Аксарият онҳоро ба беҳунарӣ муттаҳам карда, матбуот борҳо истеъфои чанде аз онҳоро дар миён гузоштааст.
Бештари ин вазирон солҳои тӯлонист, ки дар мақомҳои худ ҷойгузин буда, аз афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дониста мешаванд. Ҳоло назари раҳгузарони хиёбонҳои Душанберо бубинеду андешаҳои худро дар пайи он бинависед.