Остона ба Душанбе тиру норинҷак ва равған медиҳад
Вакилони Сенат, палатаи болоии парлумони Қазоқистон созишнома дар бораи ироаи кӯмаки низомӣ-техникиро ба Тоҷикистон ба тасвиб расонданд.
Дар ин бора расонаҳои расмии Қазоқистон хабар дода, меафзоянд, ки дар доираи ин созишнома Остона ба Душанбе таҷҳизоти ҳарбӣ, аз ҷумла норинҷакҳо, равған барои силоҳҳо, тир ва ғайраро тақдим мекунад.
Окас Сапаров, муовини вазири мудофеаи Қазоқистон, зимни муаррифии созишнома гуфтааст, интиқоли ин таҷҳизотро ба Тоҷикистон ҷониби Қазоқистон тариқи ҳавопаймоҳои ҳарбӣ таъмин хоҳад кард. Сапаров таъкид доштааст, ки дар доираи ин созишнома Тоҷикистон ҳақ надорад, аслиҳаеро, ки аз Қазоқистон гирифтааст, ба тарафи сеюм диҳад.