Раҳмон аз масъулини ҳукумат хост, давлатро фиреб надиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 31 октябр дар ҷаласаи ҳукумат аз масъулин хост, ҳангоми пешниҳоди ҳисобот нишондоди омории дақиқро нависанд, то давлат зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ фиреб нахӯрад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар оғози ҷаласаи ҳукумат Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2014 ва нақшаи миёнамуҳлати кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шуд. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди корҳои оморӣ таъкид доштааст, “ҳисобот, хусусан доир ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, новобаста ба шакли моликияти истеҳсолкунундагон, бояд дақиқ бошанд, то ки нақшаю барномаҳои давлатӣ низ дар асоси онҳо дақиқу самарабахш таҳия, қабул ва амалӣ карда шаванд”.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, зимни ҷаласа лоиҳаҳои як зумра қонунҳо, аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолоти хатарнок” ва ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тасдиқ ва ба парлумон пешниҳод гардиданд: “Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Тоҷикистон ва Қоидаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тасдиқ карда шуд.”
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бо зикри сафарҳои ахираш ба навоҳии Тоҷикистон ба масъулин дастур дод, барои иҷрои супоришҳои зимни сафар ироашуда, нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва қабул намоянд.