Даргузашти Мақсудҷон Мақсудов баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ
Мақсудҷон Мақсудов, муовини раиси шаҳри Чкалови вилояти Суғд, баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ аз олам даргузашт. Маросими ба хоксупории ӯ рӯзи 30 октябр дар мазори “Даштак”-и ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.
Ба қавли Ғафурҷон Зоиров, роҳбари дастгоҳи ҳукумати Чкалов, Мақсудов як ҳафта пештар аз болои дарахт афтида, сахт маҷруҳ ва дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфтааст. “Аммо дар тӯли як ҳафта ӯ ба худ наомад”,-гуфт мусоҳиби мо.
Мақсудҷон Мақсудов, ки соҳиби се фарзанд аст, соли 2000 фаъолияти хидматиашро ҳамчун сармутахассиси Идораи ҷавонони ҳукумати Чкалов оғоз намуда, то ба мақоми муовини сардори Раёсати ҷавонони вилояти Суғд мерасад. Аз соли 2006 то 2012 ба ҳайси роҳбари дастгоҳ ва аз моҳи марти соли 2012 то лаҳзаи марг ҳамчун муовини раиси шаҳри Чкалов фаъолият дошт.