Дархости диаспораҳо аз Путин барои ҳимоят аз муҳоҷирон
Диаспораҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон дар муроҷиатномае аз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, хостаанд, то ба мушкили муҳоҷирони корӣ дар Маскав расидагӣ кунад.
Бино ба иттилои расида, ин муроҷиатнома дар мизи гирде гирифта шудааст, ки бо ширкати намояндаҳои диаспораҳо, масъулини давлатии Русия, ташкилоти ҷамъиятӣ, созмонҳои байналммилалӣ ва намояндаҳои дипломатӣ ва дар шаҳри Маскав сурат пазируфт. Вазъияти муҳоҷирони корӣ дар Маскав баъд аз он бад шуд, ки дар назди бозори Бирюлёво як шаҳрванди Русия кушта шуд. Мақомот бо иттиҳоми ин амал як шаҳрванди Озарбойҷонро дастгир карданд.
Ҳамчунин, дар мизи гирди Маскав тасмим гирифта шудааст, ки барои ба эътидол овардани авзоъ диаспораҳо ба ниҳодҳои давлатии Русия кӯмак хоҳанд кард. Абдулло Давлатов, намояндаи диаспораи тоҷикон дар ин мизи гирд гуфтааст, бархе аз мансабдорони Русия мафҳуми муҳоҷират ва сиёсатро бо ҳам омехта кардаанд.
Валентина Чупик, вакили дифои муҳоҷирони корӣ, вазъияти баамаломадаро ба бетаваҷҷуҳии Хадамоти муҳоҷирати Русия марбут донистааст. Ӯ аз ҳолатҳои депорти ғайриқонунии муҳоҷирон мисол овардааст: “Хадамоти муҳоҷирати Русия бояд сабабҳои ихроҷи муҳоҷиронро хеле дақиқ бисанҷад. Чандин ҳолати депорти ғайриқонунӣ аллакай сабт шудааст”. Борис Силаев, раҳбари "Ҷамъияти дӯстӣ бо Қирғизистон” гуфтааст, муҳоҷирон як ҷузъи аслии неруи кории Русия маҳсуб мешаванд. Ба гуфтаи ӯ ҳукумати Русия, ки дар ҳоли ҳозир ба 25 миллион неруи корӣ ниёз дорад, муваззаф аст, шароити зарурӣ барои муҳоҷирони кориро созмон диҳад.